Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
23-юми апрели соли 2026, тахминан соати 21:00 дар кӯчаи 40-солагии Ғалабаи шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоб, автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21-07”, таҳти идораи ронанда Газибеков Талантбек, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи мазкур, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи маркази ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Жолдошев Алайчи Убайдиллаевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҳамин ноҳияро пахш менамояд, ки ҳангоми ба беморхона интиқол додан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
24-уми апрели соли 2026, тахминан соати 03:00 ронандаи дучархаи скутер тамғаи “Даелим”, Сафаров Ҳамдам Шерқулович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Дӯстӣ ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нури-Вахши ноҳияи Дӯстӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни бетонии канори чапи роҳ буда бар хурдааст, ки дар натиҷа худи ронанда Сафаров Ҳ.Ш. ба саломатиаш ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















