Ташкили фоҳишахона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷалобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 21-уми апрели соли 2026, манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, зани 39-солаи сокини шаҳри Душанберо барои танфурӯшӣ ва ҳамхобагӣ бо марди 32-солаи сокини пойтахт ба ивази 300-сомонӣ шароит фароҳам оварада, аз марди 32-сола барои иҷрои вазифааш 500-сомонӣ маблағи ҳаққи хизмат гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















