Ҳалокати пиёдагарди хурдсол бар асари садамаи нақлиётӣ
21-уми апрели соли 2026, тахминан соати 07:00 ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Хово”, Розиқов Ҷумъахон Ҷураевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, дар назди бозори “Автостансия” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Садриддинзода Сафияи Сайфулло, соли таваллудаш 2021, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Садриддинзода С.С. ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз тарафи ронанда Розиқов Ҷ.Ҷ. ба беморхона интиқол дода шуда, баъдан дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














