Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани зан барои ташкили фоҳишахона 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 20-уми апрели соли 2026, хонаи иҷоравиаш дар кӯчаи А.Навоии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ бударо барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз зани 34 ва марди 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳаққӣ хизмат 450-сомонӣ тариқи ҳамёни электронии “Душанбе-Ситӣ” гирифтааст. 
Инчунин, гумонбаршаванда 20-уми апрели соли 2026, тавассути шабакаҳои интернетӣ акс ва рақамҳои телефони ҷавондухтаронро ба эълони маҳсгарӣ (масаж) гузошта, дар кӯчаи А.Навоӣ мизоҷонро даъват намуда, ҷавонзани 23-солаи сокини пойтахтро бо марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан, шинос намуда, аз онҳо ҳаққӣ хизмат 400-сомонӣ тариқи ҳамёни электронии “Душанбе-Ситӣ” гирифтааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

22.04.2026 8:53
53