Ошкор шудани қаллобии зан ва мард
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини шаҳри Душанбе, пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 40-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон аз моҳи ноябри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини шаҳри Турсунзода даромада, аз ӯ 620 ҳазор сомониро гирифта ваъда додаанд, аз ҷониби ширкати сохтмонии давлати Қатар дар ҳудуди шаҳри Душанбе, 4-адад манзилҳои истиқоматӣ гирифта медиҳанд, аммо онҳо маблағи мазкурро ба манфиати худ сарф намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















