Муайян шудани ду ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқ ҷавоҳиротҳои тиллоиро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 590-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи Панҷ содир намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 18-уми апрели соли 2026, тахминан соати 05:00 дар роҳгузари зеризаминӣ воқеъ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо роҳи пинҳонӣ дари дукони фурӯши телефонҳои мобилии марди 32-солаи сокини ноҳияи Данғараро кушода, аз он ҷо 3 ҳазору 600-сомонӣ ва 7-адад телефонҳои мобилии гуногун тамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 23 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.














