Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо роҳбари идораи Раёсати СММ оид ба воситаҳои нашъадор ва ҷинояткорӣ

21 апрели соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар якҷоягӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Нигина бо роҳбари идораи  Раёсати СММ оид ба воситаҳои нашъадор ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе Дулиев Мақсудҷон доир гардид.
Мулоқот дар доираи барномаи «Шабакаи занони фаъоли GLO.ACT барои баробарии гендерӣ дар мубориза бар зидди савдои одамон ва қочоқи ғайриқонунии муҳоҷирон» дар мавзӯи «Дастовардҳои охирин ва мушкилот дар кишварҳои шарики GLO.АСТ аз нигоҳи ҷанбаҳои гендерӣ» роҳандозӣ гардид. 
Барномаи мазкур аз таҳкими нақши занон дар пешгирӣ ва муқовимат ба ин ҷиноятҳои фаромиллӣ иборат аст. Барнома ба пешбурди баробарии гендерӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва дастгирии қурбониёни осебпазир равона шуда, кӯшиш мекунад, ки тавассути ҳамкории муассир байни ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ муҳити бехатару одилонаро таъмин намояд.
Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, рушди иқтидори занони фаъол, таҳкими сиёсатҳо ва қонунгузорӣ бо дарназардошти масъалаҳои гендерӣ, инчунин мусоидат ба дастрасии баробар ба адолат ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ мебошад. 
Зимни вохӯрӣ дастовардҳои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, фаъолияти комиссияи мазкур хеле назаррас арзёбӣ гардид.

22.04.2026 11:25
34