Сохтакории ҳуҷҷат ошкор шуд
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2025, бо мақсади ғайриқонунӣ гирифтани кредит патенти ягонаи мушаххас, ки он тибқи маълумотномаи Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкори инфироди зани 42-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дар он тариқи барномаи компютерӣ ба ному насаби қаблан ивазнамудаи худро “Сканер” ва расмӣ худро ширеш карда, сипас ба воситаи патенти қалбакӣ аз филиали ҶСП бонки “Эсхата”, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, 70 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.














