Муайян шудани ҳолати азонихудкунӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Вахш, бо гумони содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2014 ҶДММ “Шодиён-сохтмон” таъсис дода, ҳамчун директори ширкат ба шумор рафта, дар асоси шартнома ва бовариномаҳо ба муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ҷ.Балхӣ маводҳои конселярӣ, хоҷагидорӣ ва сохтмониро таъмин намудааст.
Дар давоми соли 2024 то моҳи ноябри соли 2025, бо супоришномаҳои пуллӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва №55 дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба суратҳисоби ҶДММ “Шодиён-Сохтмон”, роҳбараш гумонбаршаванда ба шумор меравад, барои таъмири ҷории иҷроиши корҳои сохтмонӣ ва дастрас намудани таҷҳизотҳои техникӣ 632 ҳазору 510-сомонӣ гузаронида шудааст.
Минбаъд гумонбаршаванда маблағи мазкурро қабул намуда, аз он 397 ҳазору 722-сомонӣ иҷроиши корҳои таъмирро ба роҳ монда, боқимонда 234 ҳазору 788-сомониро азонихуд намуда, ба буҷети ноҳия зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















