Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми апрели соли 2026, тахминан соати 18:00 дар дохили корхонаи ҶДММ «Маҳмуд КО», воқеъ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, бо олоти оҳанинӣ дар дасташ буда, охиронро зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

21.04.2026 8:05
43