Дастгир гардидани марди 45-сола бо гумони таҳдиди куштан
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷуситуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони таҳдиди куштан дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми апрели соли 2026, тахминан соати 18:00 дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 41-солаи сокини ҳамонҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хочагидорӣ ҳамсарашро таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ намудааст, ки аз ин ҳолат модари гумонбаршаванда пиразани 73-солаи сокини ҳамонҷо огоҳи ёфта, пеши роҳи онҳоро гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 120 Кодекси ҷиняотии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















