Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Вазири корҳои дохилӣ дар Форуми байналмилалӣ

19-21-уми апрели соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Муқовимат ба таҳдидҳои фаромилии маводи нашъаовар ба хотири саломатӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.
20-уми апрел Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Муқовимат ба таҳдидҳои фаромилии маводи нашъаовар ба хотири саломатӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» ба кори худ оғоз кард.
Дар кори форуми мазкур намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, созмонҳои байналмилалӣ, вазирони корҳои дохилӣ аз давлатҳои ИДМ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гурҷистон, Туркия, Италия ва Корея иштирок намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 20-уми апрел вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Узбекистон генерал-полковник Ташматов Баходир Ҳамидович баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот атрофи роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, бахусус таҳдидҳои фаромилии маводи нашъаовар ба саломатӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ибрози андеша намуданд.
Инчунин 21-уми апрел дар доираи форум вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Р.Ҳ. бо Директори шуъбаи оперативии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҷаноби Бо Матиасен сурат гирифт. 
Дар ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, алалхусус маводи синтетикӣ равона гардид. 
Ҳамзамон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қирғизистон ва Узбекистон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои ҳамгироии минтақавӣ ба хотири истодагарӣ дар муқобили таҳдиду хатарҳои замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.  
    

21.04.2026 14:22
185