Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқуъ пайвастани ҳодисаи нақлиётии марговар

18-уми апрели соли 2026, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Фронтера”, таҳти идораи Сафаров Хуршед Мирзобоқиевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Чаноқ” ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаркати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаш тамғаи “Мерседес-Спринтер”, таҳти идораи Ҷураев Азизҷон Алиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, бархурда ба чуқурии дар он ҷо буда чаппа шудааст. 
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи боркаши “Мерседес-Спринтер”, Ҷураев А.А. ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Фронтера”, Сафаров Х.М, ва мусофирони дар дохили автомашина буда, хурдсол Мирзобоқизода Шоҳин, соли таваллудаш 2025, сокини шаҳри Норак, ҷароҳати ҷисомонӣ бародошта дар беморхона бистари гардида ва Салимзода Мафтуна, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Норак ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

20.04.2026 8:24
61