Ошкор шудани қаллобии зани 39-сола
Ба РВКД дар нақлиёт аризаи ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки зани 39-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада барои сафарбар намудани наздиконаш ба “Ҳаҷи Фарзӣ” 24 ҳазору 400-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


















