Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани ҳодисаи ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, 18-уми апрели соли 2026, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе назди ошхонаи “Нафиса” ошкоро аз дасти марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе, як адад телефони тамғаи “Редми нот-9”-ро, ки арзишаш 800-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

20.04.2026 8:15
39