Ба таваҷҷуҳи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ!
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаи “YZGULOM P...” бо истифода аз нишони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолае таҳти унвони: “Хабар ва огоҳии расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нашр гардида, маводи мазкур дуруғ ва беасос буда, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон рабте надорад. Чунин амали иғвобарангезанда ва беасос кори гуруҳҳои ғаразнок аст.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба мазмуну муҳтавои маводи мазкур бовар накунанд.
















