Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: ифтитоҳи иншооти хизматӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ

18-уми апрели соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ, шуъбачаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳ Рамазон Раҳимзода бо шароити муҳайёгардида аз наздик шинос гардида, зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии босифат назди масъулини ШБДА як қатор дастурҳои иловагӣ роҳандозӣ намуд.
Бинои шуъбачаи мазкур пурра аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гардидааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки раванди бақайдгирӣ ва қабули имтиҳонҳо дар сатҳи баланд, бо шаффофият ва сифати беҳтар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин барои кормандон ва муроҷиаткунандагон шароити мусоиди кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ, дар шафати бино майдончаи нави футбол низ ба истифода дода шуд. Зикр гардид, ки чунин иншооти варзишӣ барои рушди варзиш дар байни ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо нақши муҳим мебозад.
Ифтитоҳи иншооти нав боз як қадами устувор дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

18.04.2026 18:02
129