Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои автомобилгард

16-уми апрели соли 2026, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Болтаев Абдураҳмон Муҳаммадҳасанович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Чанноқ-Хуҷанд» дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», таҳти идораи ронанда Джабборов Орифҷон, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи мазкур,  ки аз канори роҳ ба рохи асоси гузашта истода буд бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Ашуров Ҳумайни Одилҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Гулистон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба халокат расида ва ронандаи автомашинаи «Мерседес Бенс»,  Болтаев А.М ва дигар мусофирони автомашинаи мазкур Ашуров Муҳаммадалӣ Ваҳобҷонович, соли таваллудаш 1997 ва Ашуров Муҳаммадшариф  Ваҳобҷонович, соли таваллудаш 2005, сокинони шаҳри Гулистон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
17-уми апрели соли 2026, тахминан соати 07:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мамараҳимов Бароталибек Ҳасанович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархарони барқӣ, таҳти идораи Мамадалиев Фаррух Салимжонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи мазкур бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи дучарха Мамадалиев Ф.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат  расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

18.04.2026 8:09
55