Муайян гардидани ҷинояти авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми апрели соли 2026, тахминан соати 03:00 дар дохили маркази дилхушии “Бухоро палас”, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо зани 33-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, аз рӯи миз 1-адад зарфи шишагиро гирифта, ба сари ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















