НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ҶОМЕА — БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ МУҲИМИ ТАРБИЯВӢ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон, аз ҷониби гурӯҳи кории ВКД дар ҳамкорӣ бо ҷавонони фаъол дар вилояти Суғд якҷоя бо мақомоти дахлдор дар Мактаби байналмилалии "Контакт"-и шаҳри Исфара семинари муҳими омӯзишию тарбиявӣ таҳти унвони "Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб" баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо дарназардошти авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ роҳандозӣ шуда, мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.
Дар кори семинар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои бонуфуз иштирок намуда, бо суханрониҳои пурмуҳтаво баромад карданд, аз ҷумла, сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҷалилзода А.Ҷ., намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Алимов Баҳром, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ибрози назар карданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, аз қабили нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиқонунӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, саҳми ҷавонони фаъол дар пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ ниҳоят назаррас арзёбӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки танҳо тавассути ҳамкории зич байни мактаб, оила, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавон сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳоро коҳиш дода, насли солим, худшинос ва масъулиятшиносро ба камол расонид. Ҳамзамон, ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, варзиш ва фаъолияти созанда ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии кирдорҳои номатлуб маънидод гардид.
Дар ҷараёни семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, хонандагон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Инчунин, аз ҷониби ҷавонони фаъол даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як ҷавон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба қонун зиндагӣ намояд. Инчунин дар ин муассиса мусобиқаи «Шоҳмот» ва «Шашка» баргузор гардида ба ғолибон медал, Ифтихорнома, Сипоснома, Ҷом ва туфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.































