Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ "ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ, ОВОРАГАРДӢ ВА ДИГАР ҚОНУНШИКАНИҲО ДАР БАЙНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ВА ТАШВИҚИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ"

Тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар доираи татбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими суботи ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон, инчунин пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, вохӯрии васеъ дар мавзӯи "Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим" баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва г/ҷавонони фаъол дар вилояти Суғд, дар Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд санаи 15 апрели соли 2026 баргузор шуда, бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои байналмилалӣ, мутахассисони соҳаи тиб ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ Ҷалилзода А.Ҷ. -  сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия, оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, омилҳои асосии ба қонуншиканӣ бурдан ва зарурати таҳкими корҳои пешгирикунанда дар ҳамкорӣ бо оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ибрози назар намуд.
Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (САҲА) Алимов Баҳром зимни баромади худ масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирии хатарҳои муосир, аз ҷумла нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар зуҳуроти номатлубро матраҳ намуда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавононро яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти устувори ҷомеа арзёбӣ кард.
Сардори амбулаторияи Шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани хизмати дохилӣ Султонзода Далер дар баромади худ ба паҳлуҳои тиббӣ ва равонии нашъамандӣ таваҷҷуҳ намуда, онро бемории хатарноке арзёбӣ кард, ки ба саломатӣ, оила ва ояндаи иҷтимоии инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар ин замина тарғиби тарзи ҳаёти солим, варзиш ва фаъолияти созанда ҳамчун роҳи асосии пешгирӣ таъкид гардид.
Полковники мустаъфии милитсия Одинаев С.С. дар асоси таҷрибаи ғании хизматӣ оид ба омилҳои даст задани ҷавонон ба қонуншиканиҳо сухан ронда, нақши оила, муҳити таълимӣ ва назорати доимиро дар пешгирии ин раванд ҳалкунанда арзёбӣ намуд.
Муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ аҳамияти рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба мусобиқаҳои варзиширо ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии оворагардӣ, бекорӣ ва рафторҳои номатлуб таъкид намуда, онро омили муҳими ташаккули иродаи қавӣ, интизом ва ватандӯстӣ арзёбӣ кард.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, истифодаи самараноки вақти холӣ, рушди тарзи ҳаёти солим ва ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дар вилояти Суғд бо ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки танҳо бо ҳамкории устувор ва мунтазами тамоми сохторҳои марбута ва гурӯҳи ҷавонони "Авангард" метавон пеши роҳи паҳншавии падидаҳои номатлубро гирифта, барои тарбияи насли солим, донишманд ва ватандӯсти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар анҷом иштирокчиён изҳор доштанд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва тарбияи ахлоқии ҷавонон нақши муҳим дошта, ба таҳкими сулҳу субот ва рушди давлатдории миллӣ мусоидат менамояд.

17.04.2026 17:00
36