Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

16-уми апрели соли 2026, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», Раҳматов Бахтиёр Ҳасанович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Даф», таҳти идораи ронанда, Халилов Баҳодур Бердибекович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Истаравшан бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла» Раҳматов Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

17.04.2026 9:49
63