Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти зани 38-сола барои ташкили фоҳишахона 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, тахминан аз охири соли 2024 то инҷониб дар маркази дилхушии “Шоми Малика” кору фаъолият намуда, тахминан моҳи сентябри соли 2025 бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Бохтар шиносоӣ пайдо намуда, дар раванди шиносои ба охирин ваъда намудааст, ки бар ивази маблағи пуллӣ ба вай ҷавондухтаронро барои қонеъ намудани нафси шавҳонӣ пешниҳод менамояд.
Чунончӣ, моҳи марти соли 2026 ӯ бо ҷавонзани 26-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба шаҳри Бохтар рафта, бо охирон маслиҳат кардааст, ки барои бо шиносаш ҷавони 25-сола алоқаи ҷинсӣ намудан ба ӯ маблағи пулии 1 ҳазору 500-сомонӣ медиҳад.
Зимни дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Бохтар қарор доштанашон шиносаш ҷавони 25-соларо ба наздаш даъват намуда, аз ӯ барои бо ҷавонзани 26-сола алоқаи ҷинсӣ намудан маблағи 2 ҳазор сомонӣ гирифта, аз маблағи гирифтааш ба ҷавонзан 1 ҳазору 500-сомонӣ дода, боқимондаи 500-сомонии дигарро ҳамчун ҳаққи хизмати худ гирифта, бо ин роҳ фоидаи муфт ба даст овардааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

17.04.2026 9:48
50