Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки санаи 31-уми марти соли 2026, тахминан соати 11:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз корхонаи сангмайдакунӣ, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, 1-адад сандуқи оҳанинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 32-солаи сокини ноҳияи Нуробод содир намудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 26-уми марти соли 2026, тахминан соати 20:00 дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматии №4-и маҳаллаи 12 шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, аз киссаи марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт истифода бурда, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галекси А56», ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















