Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаи нақлиётӣ

15-уми апрели соли 2026, тахминан соати 14:00 ронандаи воситаи дучархаи барқии “Скутер”, Раҳимов Нурмаҳмад Ҷорубович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти деҳаи Ҳ.Шерозии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, воқеъ дар ҳудуди роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи дучархаи барқии “Скутер” набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Тураев Умед Маҳмадисоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи дучаха Раҳимов Н.Ҷ. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

16.04.2026 8:40
42