Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза зани 43-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми апрели соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи маҳсулотҳои хўроквориаш воқеъ дар кўчаи Норинови шаҳри Бохтар шуда, аз онҷо 10 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 20 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Вахш содир намудаанд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15-уми феврали соли 2026, бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдои “Миледи” воқеъ дар кучаи Бухорои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки ба марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, 33 адад соатҳои гуногуни дастии занона, ва 1 адад атри занонаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 71 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
















