Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ 

14-уми апрели соли 2026, тахминан соатҳои 21:20-дақиқа, марди 40-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҳолати масти ҳангоми дар нуқтаи фуруши нушокиҳои спиртӣ воқеъ дар кўчаи С.Сафарови шаҳри мазкур қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 41-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба дасти росташ мехалонад, ки дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба беморхона муроҷиат намуда, зери назорати табибон қарор мегирад. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

16.04.2026 8:34
47