Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми феврали соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 60 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҳамсараш зани 32-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Далели шайъӣ 32 ҳазору 950-сомонӣ гирифта шуд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун аризаи марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 16-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои кишоварзии назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо қисми 2 моддаи 244 ва қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 8-уми апрели соли 2026, аз заминҳои кишоварзии назди ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур талуқ дорад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 5-уми апрели соли 2026, аз заминҳои кишоварзии назди ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ доштаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 38-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, шаби 27 ба 28-уми январи соли 2026, тахминан соати 23:30-дақиқа, бо ҳамроҳи шавҳараш марди 30-сола ва бародари ҳамсараш марди 28-солаи сокинони ҳамонҷо бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз он ҷо 1-адад телевизор, 1-адад соати дастӣ, гушворҳои занона, ангуштарини занонаи нуқрагӣ ва дигар лавозимотҳи рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 17 ҳазору 820-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандҳо бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















