Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 31-уми марти соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар ошхонаи «Ниёзгород», воқеъ дар кӯчаи С.Карими ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо баҳонаи нодуруст таваққуф кардани автомашинаи шахсиаш муноқиша намуда, дашномҳои қабеҳ гуфта, бо воситаи белчаи оҳанинии дар дасташ буда, ба қисмати сари ҷабрдида якчанд маротиба зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

14.04.2026 8:31
40