Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои автомобилгард
9-уми апрели соли 2026, тахминан соати 20:00 ронандаи скутери тамғаи «Даелим», Турапов Чари Абдуллоевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи скутераш набаромада, ба канали обгузари канори чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа худи ронандаи скутер ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
10-уми апрели соли 2026, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «BYD», Худойбердиев Охунҷон Насриддинович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Д.Самадови ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард, Хоримов Раҳматулло Асадуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Хоримов Р.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми апрели соли 2026, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Айон”, Сайфуддинов Фирдавс Файзиддинович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчуби равшандиҳанда дар мобайни роҳ буда бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, Абдураҳмонов Сайриддин Амриддинович, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.
12-уми апрели соли 2026, тахминан соати 10:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Витз», Қуватов Сироҷиддин Амрохонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Бохтар ва ҳангоми расидан дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, ба самти муқобили роҳ баромада бо автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи Неъматов Наврӯз Назриевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Кӯлоб, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат бархурдааст, ки дар натиҷа мусофирони дар дохили автомашинаи тамғаи «Тайота Витз» қарор дошта, Баротов Абдухолиқ Қуватович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Кӯлоб ва Суҳайлои Маҳмадшариф, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Балҷувон ба саломатиашон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона бурдан Баротов А.Қ. ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















