Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ташкили фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Истиқлол бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахонаҳо, далаги ё занҷалобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 26-уми марти соли 2026, тахминан соати 13:30-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, ҳамсараш зани 48-солаи сокини ҳамонҷо бо «Суҳроб» ном шахси мусоидаткунанда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан рӯ ба рӯ намуда, бар ивазаш маблағи пули 300-сомониро гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.04.2026 8:31
64