Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз соли 2024 то ин ҷониб дар ҶДММ “Аркоб” кору фаъолият намуда, маҳсулоти обҳои ташнашиканро ба монанди “Баржоми, Натахтари” дар асоси борхатҳо (накладной) ба маблағи 64 ҳазор сомонӣ қабул карда гирифта, маҳсулотҳоро фурӯхта ба ҶДММ “Аркоб” 28 ҳазор сомониашро дода, боқимонда маблағи 36 ҳазор сомониро азони худнамуда, ба ҶДММ “Аркоб” зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.














