Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар бозори ноҳияи мазкур ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардида, дар давраи фаъолияташ дар мағозаи фурӯши маҳсулотҳои гӯштӣ тибқи шартнома ҳамкории мутақобиларо бо ҶСП “Зарнисор” аз моҳи майи соли 2020 ба роҳ монда, тавассути намояндагони савдои ҶСП “Зарнисор” молу маҳсулоти гӯштиро давра ба давра барои минбаъд ба фурӯш гузоштан бо маблағҳои гуногун фармоиш дода, пас аз фурӯхтани молу маҳсулоти ҷамъиятӣ маблағро ба хазинаи ҷамъият насупорида, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 158 ҳазору 95-сомониро ташкил медиҳад. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

11.04.2026 8:03
39