Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани кирдорҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, тахминан аввалҳои моҳи январи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 420 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки боғчаи бачагонааш, воқеъ дар деҳаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бударо ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо гумонбаршаванда ваъдаашро иҷро накарда маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

11.04.2026 8:01
34