Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо ҳамеша зидди хасм омодаем андар набард

Дар идомаи тантанҳо бахшида ба Рӯзи қӯшунҳои дохилӣ дар Муассисаи давлатии Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсат ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорон ва меҳмонон ҷамъомад доир гардид.
Қабл аз оғози барномаи расмӣ дар назди театр аз ҷониби сарбозони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ машқҳои тактикӣ ва саҳнаҳои рамзӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд. 
Бахши расмии чорабиниро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз карда, сарбозону афсарон ва собиқадоронро  бо Рӯзи таъсисёбии қӯшунҳои дохилӣ табрику таҳният намуд. 
Мавсуф ёдрас шуд, ки қӯшунҳои ВКД  ҷузъу томи ҷудонашандаи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, ки  сарфармондеҳ ва таъсикунандаи ин сохтор Пешвои муаззами миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.  Ҳамзамон, қайд гардид, ки таърихи таъсиси Қӯшунҳои дохилӣ хеле мураккаб, пурпечутоб ва   барои сохторҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан, барои мақомоти корҳои дохилӣ муҳим буд.  Зеро баъд аз пошхӯрии  Иттиҳоди Шуравӣ ва ба  даст овардани Истиқлолият ташкил кардани  Қувваҳои мусаллаҳ, ки умуман, вуҷуд надошт ва бо сабаби ҷангҳои таҳмилӣ, ки дар  мамлакат сар заданд, ҳамаи ин вазнинӣ ба дӯши як нафар, ба дӯши Пешвои муаззами  миллат, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд. Пешвои миллат аз сифр ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ  шуруъ карданд. Аз ҷумла,  дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ - Қӯшунҳои дохилӣ низ таъсис гашт.
Сохтор, ки на силоҳу лавозимот ва на таҳҷизоту техника дошт, ба рушду нумуъ оғоз кард. Баъди барқарор шудани сулҳу осоиш,  Қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон зина ба зина мустаҳкам гашт. Гуфта шуд, ки  Аз 2-3 қисми ҳарбие, ки дар  аввал буд, он имрӯз ба 8 қисми ҳарбӣ расида, Қӯшунҳои дохилӣ яке сохторҳои   муҳимтарини Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни баромад ба сарбозон муроҷиат карда гуфт, ки  Пешвои муаззами миллат барои ҳар яки мо шароитро муҳайё кардааст ва имрӯз шумо дар сатҳи баландтарин  хизмат мекунед. 
Ӯ дар хотима қайд кард, аз он хушнуд аст, ки имрӯз дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ фарзандони бонангу бономуси  миллат адои хизмат мекунанд.
Дар идомаи ин чорабинии бошукӯҳ сурудҳо дар иҷрои овозхонҳои шинохтаи ансамблҳои «Сипар»-и ВКД, «Фалак» ва «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овозхонҳои шинохта Амирҷон Рӯзиев, Амрохон Раҳимзода, Фирдавс Ҳошимов, Фараҳноз Шарафова, Нилуфари Сарбоз, Меҳрнигори Рустам ва дигарон бо суруду таронаҳои дилнишини хеш бо номҳои «Шиори Қӯшунҳои дохилӣ», «Ифтихори Ватан», «Сарбози кишвар», «Меҳри Модар», «Мероси фарҳанг», «Наврӯзи диёр», «Ба ғам ёр шавам», «Булбул», «Кайҳост», «Саразм», «Наврӯзи баҳор», «Навбаҳор», «Эй Парӣ», «Имшаб» ва «Попурӣ» табъи ҳозиринро шод намуданд.
Ҳамзамон, ҳунарпешагони гурӯҳҳои рақсии «Падида», «Ҷаҳоноро» ва «Фирӯза» бо иҷрои рақсҳои мавзун ва ҷаззоб ба ин чорабинии идона ҳусну таровати тоза бахшиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ортиқ Қодиров бо қироати шеър аз ашъори Ниҳонӣ таҳти унвони «Қӯшунҳои дохилӣ» ба ин чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

10.04.2026 20:04
143