Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хизмати кишвар кунем, ин халқ бошад дар амон

Дар қисми низомии 3502 Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ, ки ҳамасола 10-уми апрел қайд карда мешавад, ҷамъомади идона доир гардид. Дар он роҳбарияти ВКД, сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону сарбозони раёсати мазкур, инчунин собиқадорони ин ниҳод иштирок намуданд.
Ҷамъомади тантанавиро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қӯшунҳои дохилиро бо рӯзи таъсисёбии ин ниҳод фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои ин миллати кӯҳанбунёдро табрик гуфт. Роҳбари аввали ВКД илова кард, ки ба родмардони Ватан дар ин пешаи пурифтихор ва хоси мардони қавиирода қудрату тавоноӣ, тандурустӣ ва хонаободӣ, дар фаъолияти корӣ ва уҳдадориҳои хизматашон барору комёбиҳо таманно кард.
Рамазон Раҳимзода таъкид кард, ки Қӯшунҳои дохилӣ такягоҳ, муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли истиқлоли кишвар буда, дар тӯли фаъолияти худ ҳайати шахсии он аз мактаби шуҷоату мардонагии ҳаёт ва обутоби зиндагӣ бо сарбаландӣ гузаштааст: “Дар чунин як давраи тақдирсоз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ аз душвортарин санҷишу озмоишҳо гузашта, ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва таъмини суботу оромӣ саҳми назаррас гузоштаанд”.
Ҳамзамон, мавсуф илова кард, ки дар мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва таъмини тинҷиву осудагӣ зиёда аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки миёни онҳо афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ низ буданд, ҷони худро аз даст додаанд. Аммо, хотираи неки онҳо ҷовидона боқӣ монда, ҳамеша дар ҷашну чорабиниҳо ёдоварӣ карда мешавад. Вазири корҳои дохилӣ ба собиқадорони Қӯшунҳои дохилӣ, ки дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва расидан ба сулҳу субот ҷони худро дареғ надошта, касбият, матонат ва шуҷоати баланд нишон дода, рисолати худро сарбаландона иҷро намуданд, миннатдорӣ баён кард.
Рамазон Раҳимзода, ҳамчунин илова намуд, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир шароити моддию маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилӣ беҳтар гардида, тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, дар соли 2025 дар шаҳри Бохтар сохтмони бино ва иншооти қисми ҳарбии 3503 бо тарҳ ва усули замонавӣ ба анҷом расонида шуд. Дар шафати қисми ҳарбии 3502 бино ва иншооти маркази инноватсионӣ ва як қатор иншооти дигар барои ташкили фаъолияти воҳидҳои ҷангии таъиноти махсуси касбии Қӯшунҳои дохилӣ - қисми ҳарбии 3505 бунёд гардид. Дар ноҳияи Ванҷ баҳри таъмини фаъолияти самаранок биноҳои замонавӣ бо шароити мусоиди хизматрасонӣ барои постгоҳҳои наздисарҳадӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Боиси сарфарозист, ки иншооти болозикр дар арафаи ҷашни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо иштироки Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ дар охир бори дигар ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ муборакбод гуфта, аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишварамон изҳори хушнудӣ намуд.
Баъдан, бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ зиёда аз сад нафар сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ бо медалҳои «Хизмати шоён» (дараҷаҳои 1, 2 ва 3), «Барои садоқат», «Барои далерӣ» ва бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия», инчунин собиқадорон ва волидони сарбозоне, ки одобу ахлоқи намунавӣ нишон додаанд, бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ подполковник Наривончик Евгений Викторович - муовини фармондеҳ оид ба омодагии ҷангии бригадаи мақсадноки ҷузъҳои махсуси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ва подполковник Киличов Темур Нурмахамадович - муовини фармондеҳ оид ба корҳои идеологии бригадаи мазкур барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ, сатҳи баланди омодагии касбӣ, инчунин нишон додани малака ва маҳорати аъло дар рафти машғулиятҳои таълимӣ ва тактикӣ бо аскарони воҳидҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ» тақдим гардид.
Дар рафти чорабинии мазкур 19 нафар афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии «Кулоҳи арғувонӣ» ғолиб омадаанд, аз номи фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус бо мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинии идона афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ дар назди ҳозирин маҳорату малакаи баланди ҷангӣ, аз ҷумла машқҳои тан ба тан, пешгирии ҳамлаи ногаҳонӣ ва машқ бо силоҳ намоиш доданд.

10.04.2026 17:15
138