Ҷамъомади идона дар қисми ҳарбии 3501 Қушунҳои дохилии ВКД
Рӯзи 10 апрел санаи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД мебошад. Ба ин муносибат дар қисми ҳарбии 3501 – Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал – майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло, муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми низомӣ, собиқадорон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии минтақа чорабинии тантанавӣ доир карда шуд. Дар оғоз бо тартиби хоси низомӣ афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ дар майдони сафороӣ саф кашида ҳамчун арзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ суруди миллиро сароиданд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал – майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода бо маърӯзаи табрикотӣ баромад намуда номаи шодбошии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзодаро ба самъи хизматчиёни қисми ҳарбӣ расонид. Гуфта шуд, ки Қӯшунҳои дохилии ВКД аз аввалин рӯзи таъсисёбӣ санаи 10 апрели соли 1993 то ба имрӯз баҳри ҳифзи манфиати давлату миллат, пойдории сохти конститутсионӣ ва оромиву осоиштагӣ дар Ватани маҳбубамон содиқ ба Савганд фаъолият дошта, ҳамчун ҷузъи Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат буду ҳаст. Ин воҳиди сохтори таркибии МКД ҳамқадам бо Истиқлоли давлатӣ рушд карда, дар тамоми давраҳои давлатсозии навин пешоҳангиаш намоён мебошад. Дар навбати худ ҳамчун мактаби мардонагӣ, дар қисми низомӣ ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, омода намудан ба ҳаёти мустақил ва дар замири ҳар як хизматчӣ бедор кардани садоқат ба давлату миллат таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Шароитҳои фароҳамгардида имконият медиҳад, ки ин иқдом босифат таъмин гардад ва ҷавонмардони шуҷоъи Ватан ҳамеша барои ҳифзи осоиштагӣ дар ҳолати омодабош қарор гиранд. Қайд карда шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила Қушунҳои дохилӣ рушд карда имрӯзҳо дорои инфросохтори зарӯрии ҳарбӣ, имкониятҳои қавии техникаву аслиҳа ва шароити ба замона мутобиқ мебошад.
Муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода низ аз мавқеъи Қушунҳои дохилӣ дар сохтори Артиши миллӣ ёдовар ва иброз намуд, ки хизмати содиқонаи афсарону сарбозони содиқ ба савганд аст, ки амнияту осоиш дар саросари кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳукмфармо мебошад. Ҷодаи хизмат ба халқу Ватан беҳтарин ва арзандатарин хислати ҷавонмардӣ мебошад, ки бо шоистагӣ қобили васфу таваҷҷуҳ шуда метавонад.
Дар идома аз тарафи сарбозони Қисми ҳарбӣ намунаи машқҳои тактикии низомӣ намоиш дода шуд. Муҳорибаи тан ба тан, корбарии силоҳи ҷангӣ, боздошт ва безараргардонии қувваи душман, истифодаи лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои махсус бо маҳорати баланди омодагӣ нишон дода шуд. Барномаи ҳарбикунонидашуда гувоҳи аз низоми хуби таълимиву дастурӣ аз ҷониби масъулин буд. Зеро сарбозон бо маҳорати баланд вазифаи дар наздашон гузоштаро иҷро карданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор афсарону сарбозон ва хизматчиёни Қисми ҳарбӣ барои дар сатҳи намунавӣ иҷро намудани вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ бо Сипоснома, Ифтихорнома, медалу нишонҳои соҳавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.
Гузашти мураттаби низомӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки хизмат ба Ватан бояд мароми ҳар як ҷавон бошад. Гузаштан аз ин мактаби мардонагӣ дар ҳақиқат заминаи воқеъии такмилдиҳандаи хислати ватандӯстӣ, эҳтиром ба волидайн, обутоби руҳиву равонӣ ва ташакул барои ҷавонон мебошад.
Дар хотима ҳайати меҳмонон аз шароити хизмат ва буду боши қисми низомӣ дидан карданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

































