Наврӯзӣ байналмилалӣ дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ
9 апрели соли ҷорӣ дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки сардорони раёсатҳои ВКД, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ баргузор гардид. Ин ҷашни бостонии ниёгон, ки таҷассумгари эҳёи табиат ва пирӯзии нур бар зулмат аст, бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.
Дар саҳни Сарраёсат дастурхони рангини «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» аз ҷониби ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуда, рамзҳои Наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳи чорабиниро дучанд намуданд. Ҳайати шахсии хадамот бо намоиши расму оинҳои миллӣ собит сохтанд, ки дар канори иҷрои вазифаи пурмасъулияти худ, ҳифзи арзишҳои маънавии миллат низ дар афзалияти фаъолияти онҳо қарор дорад.
Инчунин дар гӯшаи дигари Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ варзишгарон аз намудҳои вазнбардорӣ, бандкашӣ ва гуштини миллӣ байни худ қувваозмоӣ намуданд, ки ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.




















