Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба бозиҳои бурднок  

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷаввони 24-солаи сокини ноҳияи Фархор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда дар шабакаи иҷтимоии интернетии “YOUTUBE” сомонаи худро бо номи “IZAT OFITCIAL” созмон дода, бо баҳонаи гузаронидани бозиҳои бурднок, бурди маблағҳои пулӣ, расмҳои воситаҳои нақлиёти тамғаҳои “ТАЙОТА КАМРИ 6” ва “ТАЙОТА КАМРИ 2”-ро гузошта, худро ҳамчун маъсули бозиҳои бурднок “Конкурс” муаррифӣ намуда, чиптаҳои қаблан сохтаи худро ба фуруш баровардааст, барои ба алоқа баромадан рақами муайянро ба корти бонки ҶСП “Душанбе Сити-Бонк” пайваст намуда, мавриди истифодаи худаш қарор дорад, ба намоиш гузоштааст. 
Марди 37-солаи сокини ноҳияи Вахш, наворҳои намоишии ӯро дида, бовари ҳосил намуда, тариқи шабакаи иҷтимоии WhatsApp бо гумонбаршаванда алоқа барпо намудааст.
Дар рафти сӯҳбат гумонбаршаванда ба ҷабрдида фаҳмонидааст, ки кадом нафаре чиптаи бисёр харидорӣ кунад, автомашинаи тамғаи “Таёта Камри 6”-ро шахсан барояш дастрас мекунад, дар як вақт арзиши як чипта 350-рубли русӣ гуфтааст. 
Ҷабрдида бехабар аз мақсади гумонбаршаванда, дар маҷуь 1 ҳазору 57 адад чунин чиптаҳоро харидори намуда, ба рақамҳои ҳамиёни электронии ҶСП “Душанбе Ситти-Бонк” аз моҳи июн то моҳи октябри соли 2025, дар маҷмӯъ ба маблағи 377 ҳазор рубли русӣ ва 2 ҳазор сомониро интиқол додааст.
Гумонбаршаванда бо ин қаноат накарда, бо ҳамин тарзу усул боз ба боварии марди 57-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, аз ӯ 27 ҳазору 800 сомонӣ ва аз ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, 30 ҳазору 396-сомониро таввасути ҳамиёни электронии ҶСП “Душанбе Ситти-Бонк”, тассаруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Ба ҷабрдидагон ҷамъ ба маблағи 93 ҳазору 196-сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

10.04.2026 8:24
54