Ифшо шудани ҳодисаи дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки 4-уми апрели соли 2026, тахминан соати 02:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи «Ризо», воқеъ дар кучаи Марказии шаҳри Исфара, 1-адад сечархаи барқиаш тамғаи «ВЕК-МОТО»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри мазкур бо ҳамроҳии бародари хурдсоли 13-солааш сокини хамон ҷо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















