Рух додани ҳодисаи нақлиётӣ
8-уми апрели соли 2026, тахминан соати 15:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Карола Филдер”, Шерзода Муҳаммадҷон Ғафур, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Хоҷамумин ба самти ҷамоати шаҳраки Москва ва ҳангоми расидан дар роҳи деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Заркуҳи ноҳияи М.Ҳаммадонӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Фируззода Идрис, соли таваллудаш 2018, сокини ноҳияи М.Ҳамадониро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард Фируззода И. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















