Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар ҶДММ “ФП Назар” ба ҳайси ронанда-экспедитор аз моҳи январ то моҳи октябри соли 2025 кору фаъолият намуда маҳсулотҳои гӯшти мурғро ба мағозаҳои ноҳияи Шоҳмансур тақсим намудааст.
Ҳангоми азназаргузаронии маблағҳои хазинаҳо муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда маблағи маҳсулотҳои гӯшти мурғро аз мағозаҳо гирифта азонихуд карда ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки ба ҶДММ “ФП Назар” 65 ҳазору 607 сомониву 70-дирам зарари калони моддӣ расонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ҳамчун даҳмарда (чупон) ба нигоҳубини чорвои майдаи шохдор гирду атроф машғул гардида, моҳи марти соли 2022 аз марди 50-солаи сокини шаҳри мазкур, 30-сар чорвои майдаи шохдорро, ки арзишашон 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба охирон барои нигоҳубин бовар карда супоридааст, ба дигарон фурӯхта маблағҳои ба даст овардаашро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















