Тасарруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи тамаъҷӯӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 4-уми апрели соли 2026, тахминан соати 03:00 аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Кӯлоб ба аёдати хешовандонаш омада буд, дар наздикии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб шахсони номаълум бо автомашинаи кироякаш ӯро ба ҳудуди маҳаллаи Н.Ҳувайдулоеви шаҳри Кӯлоб бурда бо таҳдиди зуроварӣ аз ӯ талаби маблағи пулӣ мекунанд. Ҷабрдида, ки бо худ дигар маблағи пулӣ надоштааст, шахсони номаълум ӯро лату куб намуда, хостанд, ки телефони мобилиашро гиранд. Бо мақсади раҳои ёфтан аз ҳолати ба вуҷудомада, ӯ аз рафиқаш тавассути ҳамёни электронии ҶСП “Душанбе Сити Бонк”, 270-сомониро қабул намуда, ба онҳо додааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, пеш бо қисми 2 моддаи 244 ва қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, пеш бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















