Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо гумони дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи зани 28-солаи сокини  шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 8-уми апрели соли 2026, тахминан соати 04:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бозори марказии шаҳри Турсунзода, аз дохили дукони фурӯши телефонҳои мобилӣ 17-адад телофонҳои гуногун тамға, 3-адад (қолаб), ки арзишашон 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

09.04.2026 8:12
15