Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ бо истифода аз корд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 7-уми апрели соли 2026, тахминан соати 11:40-дақиқа, дар назди бинои ҶСП «Спитаменбонк», воқеъ дар кӯчаи Алиназарови ноҳияи Ҷ.Расулов аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 51 ва ҷавони 26-солаи сокинони ноҳияи мазкур, аз сабаби нодуруст таваққуф кардани воситаи нақлиёт ҷангу ҷанҷол намуда, гумонбаршаванда аз дохили воситаи нақлиёти шахсиаш тамғаи «Опел-Зафира», корди хоҷагидориро гирифта 1-маротиба ба кафи дасти рости ҷавони 26-сола зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.  
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

09.04.2026 8:11
15