Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду ноболиғ барои роҳзанӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳрҳои Гулистону Бӯстон, ки якеашон қаблан соли 2025, бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 3-юми апрели соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар кӯчаи 25-солагии Истиқлолияти шаҳри Бӯстон, аз ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Бӯстон, бо роҳи зуроварӣ ва таҳдид бо истифода аз корди «финка» аз охирон 320-сомони талаб карда гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати яке аз гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 249 ва нисбати гумонбаршавандаи дигар бо қисми 2 моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















