МУАССИСАИ НАҚЛИЁТИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сардори Муассиса: Қурбонзода Авазхон Бозор - полковники милитсия, 2-юми майи соли 1974 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии гумрукӣ, соли 2000 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ва олии ҳуқуқӣ соли 2008 Академияи ВКД Тоҷикистонро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1998.
Қурбонзода Авазхон Бозор фаъолияти худро дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаи ваколатдори оперативии Шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе РКДН дар нақлиёти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: нозири калони гурӯҳи ШҲТҶ ШКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе РКДН ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калони муҳофизати гурӯҳи ШҲТҶ ШКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе РКДН ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори ШКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе РКДН ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардор оид ба корҳои дохилии хатти ШКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе РКДН ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбачаи корҳои дохилии хатти фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ШКДН дар вилояти Суғд, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шӯъбача оид ба корҳои махсусан муҳими ШКҶ РКД дар шаҳри Душанбе, сардори шӯъбача оид ба кушодани ҷиноятҳое, ки бо хориҷиён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа алоқаманданд ШКҶ РКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қурбонзода Авазхон Бозор аз 9-уми январи соли 2026 ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодааст.
Зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.
















