Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМОҲАНГСОЗИ МИЛЛӢ ОИД БА ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия: Толеҳзода Азам Толиб - полковники милитсия, 3-юми июни соли 1976 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 2001 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1997.
Толеҳзода Азам Толиб фаъолияти худро дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаи шунавандаи Мактаби Олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: нозир оид ба кор бо ноболиғони ШКҶ ШВКД Ҳукумати ноҳияи Дарвоз, муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Дарвоз, нозири калон оид ба кори шиносномавии ХШБ ШВКД дар ноҳияи Ванҷ, сардори Хадамоти шиносномавӣ ва раводиди ШВКД дар ноҳияи Ванҷ, ваколатдори калони оперативӣ оид ба КММ гурӯҳи оперативӣ сафарбаркунии РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори гурӯҳи оперативӣ сафарбаркунии РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.  
Толеҳзода Азам Толиб аз 9-уми январи соли 2026 ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодааст.
Зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июли соли соли 2020 ба медали «Ҷасорат», соли 2022 бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2 ва як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.

03.07.2024 13:32
333