Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХОЛИҚЗОДА БАҲОДУР ОДИНАХУҶА - МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа - полковники милитсия, 20-уми октябри соли 1976 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии техникӣ, олии ҳуқуқӣ ва олии идоракунӣ, соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2006 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2016 факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1998.
Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа фаъолияти худро дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаи милитсионери Ротаи Хадамоти посбонию пайраҳадории (ХППМ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: муовини командири взводи Ротаи таъиноти махсуси ХППМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини командири взводи Балталиони Ротаи ХППМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири взводи Ротаи баталиёни ХППМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдори оперативии Гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири (ГМЗГҒММ) ШВКД дар ноҳияи Файзобод, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Файзобод, ваколатдори оперативии ГМЗГҒММ ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ваколатдори оперативии ШКҶ оид ба кор бо ноболиғони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ваколатдори оперативии ГМЗГҒММ ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ваколатдори калони оперативии ГМЗГҒММ ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ваколатдори оперативии шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои вазнини солҳои пеш нисбати шахсияти Шуъбаи РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои вазнини солҳои пеш нисбати шахсияти Шуъбаи РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдори калони оперативии Шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муовини сардори раёсат, ӯ низ сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб.
Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа аз 9-уми январи соли 2026  ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодааст.
Зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.

03.07.2024 12:24
511