Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

6-уми апрели соли 2026, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “GМC”, Алиев Давлатҷон Саидмуродович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Зафар дар рӯ ба рӯи истгоҳи кӯчаи Зафари ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Азимов Хушнуд Холиаҳмадович, соли таваллудаш 2015, сокини пойтахтро пахш намудааст. 
Дар натиҷа ноболиғ Азимов Х.Х. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
6-уми апрели соли 2026, тахминан соати 20:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Шевралет Матис”, Зокиров Фарҳод Пирхонович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Ҳисор ҳангоми расидан дар кӯчаи С.Раҷабови ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди тахминан 50-55-солаи ҷинсаш марди шахсияташ номаълумро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонии вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

08.04.2026 8:47
42